Октябр 04, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Номаи Трамп ба Бердимуҳаммадов: Густариши равобит меҳвари мукотиба

Раисҷумҳури Амрико дар номае ба ҳамтои туркмани худ, аз густариши равобити фарҳангӣ, омӯзиш ва парвариш ва иқтисод миёни ду кишвар истиқбол кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ин нома омадааст: Амрико умедвор ба густариши равобити фарҳангӣ, омӯзиш ва парвариш ва иқтисод ва ҳамчунин идомаи ҳамкорӣ бо Туркманистон барои тазмини бештари равнақи Осиёи Марказӣ аст.

Трамп дар номааш ба Бердимуҳаммадов навиштааст: “Ман воқеан аз равобити дуҷонибаи мавҷуд миёни ду кишвар, ки дар як соли гузаштаи мелодӣ тақвияти он идома дошта, қадрдонӣ мекунам”.

Бояд гуфт, ки Амрико аз проектҳои минтақаии ТАПИ ва Транс - Хазар ҳимоят мекунад.

Равобити дипломатӣ миёни Туркманистон ва Амрико дар 19 феврали соли 1992 барқарор шудааст.

Пояи ҳуқуқии ду кишвар шомили 59 санад аст, ки 53 адад аз он байнидавлатӣ ва мобақӣ байниниҳодӣ мебошанд.

Тайи ин давра байни ширкатҳое, ки дар заминаҳое монанди саноеи нафту газ, кимиё, фанноварии иттилоот, энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва тадорукот фаъолият мекунанд, иртибот барқарор шудааст.

То аввали майи соли гузаштаи мелодӣ дар қаламрави Туркманистон 156 проект бо сармоягузории ширкатҳои амрикоӣ сабтином шудааст.

 

Барчасп