Октябр 08, 2019 11:37 Asia/Dushanbe
  • Суғд мизбони Ҳамоиши ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз баргузории Ҳамоиши тиҷории ширкатҳои гардишгарии тоҷик ва қирғиз дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд-и ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Ҳамоиши тиҷории ширкатҳои гардишгарии тоҷик ва қирғиз дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд-и Тоҷикистон баргузор шуд.

Истифодаи муассир аз таҷрибаи 2 кишвар, эҷоди шароити лозим барои гардишгарӣ, созмондиҳии давраҳои кутоҳмуддат барои персонели ширкатҳои гардишгарӣ, ресторанҳо, меҳмонхонаҳо ва марказҳои тафриҳӣ аз ҷумла аҳдофи ин маросим эълом шудааст. Ҷустуҷӯи руйкардҳои нав барои тарвиҷи имконоти гардишгарии ширкатҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ аз тариқи технологиҳои иттилоотӣ аз дигар аҳдофи ин ҳамоиш ба шумор меравад.