Октябр 09, 2019 20:55 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвози мустақим байни Қазоқистон ва Уммон

Як ширкати ҳавопаймоии Уммон қасд дорад парвозҳои мустақим байни пойтахти ин кишвар ва Қазоқистон роҳандозӣ кунад.

Маркази матбуотии Кумитаи ҳавопаймоии Қазоқистон бо эъломи ин хабар гуфт, музокирот миёни мақомоти зирабти 2 кишвар бо дастури Қосим Токаев анҷом шудааст.

Ба гузориши “Форс”, бар асоси тавофуқоти бадастомада, ба ширкатҳои ҳавоии 2 тараф имкони анҷоми 14 парвози мусофирӣ ва 14 парвози бории муназзам дар тӯли як ҳафта дода мешавад.

Дар моҳи марти соли 2020 қарор аст парвозҳои мустақим миёни Алмаато – Маскат ҳафтае 7 бор тавассути ширкати ҳавопаймоии “Салом Эйр” -и Уммон роҳандозӣ шавад.

Ин ширкат ҳамчунин қасд дорад дар поизи соли 2020 дар масири Нурсултон – Маскат парвоз анҷом диҳад.

Ҳамчунин аз 30 сентябри соли ҷорӣ режими бидуни виза ба муддати 30 рӯз барои шаҳрвандони Уммон дар Қазоқистон иҷро мешавад.

Интизор меравад, ки парвози мустақим миёни 2 кишвар, лағви раводид ва шароити иқлимии матлуби тобистон дар Қазоқистон мунҷар ба афзоиши гардишгарони уммонӣ ба ин кишвар шавад.