Октябр 10, 2019 09:27 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси Маҷлиси Тоҷикистон аз шаҳри тоҷикнишини Самарқанд дар Узбакистон

Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар охирин рӯзи сафар ба Узбакистон аз шаҳри тоҷикнишини Самарқанд боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадато Султонов сухангӯи парлумони Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфтааст, Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳ зимни сафар ба Самарқанд аз маконҳои таърихӣ ва мазҳабӣ монанди оромгоҳи имом Бухорӣ, масҷиди ҳазрати Хизр, майдони Регистон, муҷтамаи ҳунарии Мирзо Улуғбек ва низ маҳалли дафни Ислом Каримов раиси ҷумҳури пешини Узбакистон боздид карданд.

Бо боздид аз шаҳри таърихии Самарқанд сафари расмии раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ҷумҳурии Узбакистон ба поён расид.

Дар ҷараёни ин сафар Шукурҷон Зуҳуров бо Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурӣ ва дигар мақомоти Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоли сипарӣ кардани раванди пуршитоби гармии равобит пас аз даврони 25 солаи сардии раавобит дар замони раёсат ҷумҳурии Ислом Каримов ҳастанд.