Баргузории размоиши муштараки нерӯҳои низомии Узбакистон ва Қирғизистон
Размоиши муштараки марзбонони ӯзбак ва қирғиз дар манотиқи марзии устони Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд.
Нахустин размоиши муштараки омӯзишӣ- тактикии марзбонони ӯзбак ва қирғиз таҳти унвони “Сипар- 2019” дар манотиқи марзии устони Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд.
Ба гузориши “Форс”, вазифаи аслии марзбонони ду кишвар дар ин размоиши муштарак ҷилавгирӣ аз таҷовузи душманон ва истиқрори онон аст.
Гурӯҳҳои низомӣ бо ин ҳадаф бо кумаки зиреҳпӯшҳо, ба кумаки марзбонон рафта ва душмани фарзӣ дар минтақаи марзии ду кишварро ба таври комил муҳосира карданд.
Дар ин размоиш на танҳо нерӯҳои заминӣ, балки нерӯҳои ҳавоӣ низ ширкат намуданд.
Дар поёни ин размоиш ба низомиёни фаъол ҷоизаҳо эҳдо шуд.
Бар асоси ин гузориш, густариши беш аз пеши ҳамкориҳои низомӣ ва равобити дӯстона байни кишварҳои ҳамсоя ба таҳкими марзҳои давлатӣ кумак мекунад.