Октябр 17, 2019 11:41 Asia/Dushanbe
  • Оғози тарҳи барқӣ кардани хутути роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2020

Ширкати "Роҳи оҳани Русия" эълом кард: дар соли 2020 амалиёти барқрасонии хутути райлии Узбакистонро оғоз хоҳад кард.

Александр Мишарин муовини аввали раиси мудири кулли ширкати Роҳи оҳани Русия дар чорчуби Нишасти Шурои ҳамлу нақли райлии кишварҳои ҷомеаи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ эълом кард, корҳои барқрасонии хати райлии Бухоро-Урганч-Хива дар Узбакистонро дар соли оянда оғоз мекунад.

Ба нақл аз Форс, вай афзуд, оғози иҷрои ин тарҳ аз соли оянда оғоз хоҳад шуд ва умедворем, ки дар рӯзҳои наздик қарордоди онро имзо кунем.

Дар моҳи снтябри соли равон мақомоти ин ширкат эълом карданд, ки дар тарҳҳои зербиноии Узбакистон ширкат мекунанд.

Шурои ҳамлу нақли райлии  кишварҳои ҷомеаи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ бар асоси қарордоди байнидавлатӣ дар мавриди созмонҳои ҳамоҳангии ҳамлу нақли райлии ҷомеаи кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ аз таърихи 14 феврали соли 1992 эҷод шуда ва як Созмони байнидавлатии ҳамоҳангкунандаи фаолияти ҳамлу нақли райлии кишварҳои мустақили Муштаракул манофеъ мебошад.