Тарроҳии нармафзори намоз дар Қазоқистон
Олмоз Одилбег, муҳандиси қазоқистонӣ нармафзори намози вижаи гӯшиҳои ҳамроҳро дар ин кишвар тарроҳӣ ва тавлид кард.
Ба гузориши ИКНА, номи ин барнома “Саҷда” аст ва беш аз 850 ҳазор нафар аз он дар кишварҳои Олмон, Фаронса ва Индонезия истифода мекунанд. 80 дарсади истифодакунандагон шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд.
Олмоз Одилбег, ки фориғуттаҳсили донишгоҳи Алмаато, мавсум ба Сулаймон Демирел аст, дар ин бора гуфт: “Ибтидо ин барномаро барои истифодаи шахсӣ тарроҳӣ кардам, ки аз вақти намоз огоҳ шавам, аммо баъд тасмим гирифтам онро бо афроди дигар ба иштирок бигузорам”.
Вай афзуд, корбарони гӯшиҳои ҳамроҳ, ки аз ин нармафзор истифода мекунанд, метавонанд ҷиҳати қибла ва макони Каъбаро низ дар он мушаххас кунанд.
Донишгоҳи Сулаймон Демирел - омӯзишгоҳи хусусии ғайритиҷорӣ дар Қазоқистон аст, ки дар соли 1996 мелодӣ аз сӯи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури вақти Қазоқистон ва Сулаймон Демирел, раисҷумҳури вақти Туркия таъсис шуд.