Октябр 21, 2019 21:34 Asia/Dushanbe
  • Баргузории бузургтарин манёври низомии 6 кишвар дар муҷовирати марзҳои Афғонистон

Тамриноти муштараки низомии 6 кишвар (Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) бо номи “Бародарии шикастнопазир 2019” дар наздикии марзҳои Афғонистон оғоз шуд.

Ба гузориши “Форс”, Александр Лопин, фармондеҳи нерӯҳои низомии минтақаи марказии Русия дар ин замина изҳор дошт, имрӯз тамриноти муштараки байналмилалӣ бо номи “Бародарии шикастнопазир 2019” дар хоки Тоҷикистон оғоз шудааст.

Дар ин тамринот 6 кишвари Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доранд.

Вай афзуд, бо таваҷҷуҳ ба вазъияти нопойдори ҷаҳонӣ ва авзои вахим дар Афғонистон, иқдомоти муштараки кишварҳои ширкаткунанда нишонгари азми кишварҳои мо барои таъмини амният дар минтақа бар мабнои қонун аст.

Манёври “Бародарии шикастнопазир 2019” дар ду марҳала баргузор мешавад. Дар аввалин марҳала тавассути нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ амалиёти зиддитеррористӣ барои аз байн бурдан ва масдуд кардани гурӯҳҳои размӣ ва ҷудосозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ анҷом хоҳад шуд. Дар марҳалаи дувум, нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ амалиётеро барои ҳифзи сулҳ дар Осиёи Марказӣ анҷом хоҳанд дод, ки дар ин ҷамъ кишварҳои Арманистон ва Беларус низ изофа хоҳанд шуд. Ин тамринот то 24 октябр баргузор мешавад.

 

Барчасп