Рақобати бонувони қазоқистонӣ дар мусобиқаи "Номҳои зебои Худованд"
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i47773-Рақобати_бонувони_қазоқистонӣ_дар_мусобиқаи_Номҳои_зебои_Худованд
Мусобиқаи "Номҳои зебои Худованд" (Асмоул ҳусно) бо ҳузури занон ва духтарон дар вилояти Қизилурда-и Қазоқистон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 22, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Рақобати бонувони қазоқистонӣ дар мусобиқаи

Мусобиқаи "Номҳои зебои Худованд" (Асмоул ҳусно) бо ҳузури занон ва духтарон дар вилояти Қизилурда-и Қазоқистон баргузор шуд.

Ба нақл аз ИКНО, Идораи маънавии мусулмонони Қазоқистон ин мусобиқаро баргузор кард ва масҷиди Султони шаҳри Қизилурда мизбони ин рақобат буд.

Дар маросими баргузории мусобиқа хонум Лаззат Содиқова раиси бахши занон ва духтарони вилояти Қизилурда Қоирбек Атизбоев имоми ҷамоати масҷиди Султон ва теъдоди дигаре аз масъулони ин масҷид ҳузур доштанд.

Дар ин маросим Атизбоев имом ҷамоати масҷиди Султон таи суханоне изҳор кард: дар ривояте аз имом Бухорӣ (аз олимони аҳли Суннат) омадааст: Худованд 99 исм дорад, ки ҳар кас онҳоро баршуморад, вориди биҳишт мешавад.

Дар поёни ин рақобат хонумҳо Жаксилиқова, Жаса Қанбергинова ва Кобаев мақомҳои аввал, дуввум ва севумро ба худ ихтисос дода ва туҳфаҳое дарёфт карданд.