Октябр 22, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ихтиёроти Назарбоев дар таъйну барканории мақомоти Қазоқистон

Раисҷумҳури Қазоқистон бо имзои фармоне ихтиёроти Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури ин кишварро афзоиш дод.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, бар асоси ин фармон, Нурсултон Назарбоев аз ин пас ҳаққи узвият дар давлат ва тағйиру барканории руасои шаҳр, навоҳӣ ва назорати комил бар бархе муассисоту идораҳоро бар уҳда дорад. Бар асоси ин гузориш, аз ин пас таъйини тамоми вазирони Қазоқистон ғайр аз вазири умури хориҷӣ, дифоъ ва кишвар танҳо бо ризояти Назарбоев сурат хоҳад гирифт.

Нурсултон Назарбоев дар 19 марти соли 2019 аз симмати раёсатҷумҳурии Қазоқистон канор рафт ва танҳо масъулияти раёсати Шӯрои амнияти ин кишварро бар уҳда гирифт.

 

Барчасп