Оғози муҳокимаи 14 мазнун ба узвият дар ДИИШ дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i47812-Оғози_муҳокимаи_14_мазнун_ба_узвият_дар_ДИИШ_дар_Қазоқистон
Додгоҳе дар пойтахти Қазоқистон баррасии парвандаи 14 шаҳрванди ин кишварро, ки ба узвият дар ДИИШ ва ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хоки Сурия муттаҳам ҳастанд, оғоз кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 23, 2019 19:29 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи 14 мазнун ба узвият дар ДИИШ дар Қазоқистон

Додгоҳе дар пойтахти Қазоқистон баррасии парвандаи 14 шаҳрванди ин кишварро, ки ба узвият дар ДИИШ ва ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хоки Сурия муттаҳам ҳастанд, оғоз кард.

Ба гузориши “Форс”, муҳокимаи ин афрод имрӯз дар боздоштгоҳи муваққати пойтахт ва таҳти иқдомоти шадиди амниятӣ, бо ҳузури 13 нафар аз онон баргузор шуд.

Чаҳордаҳумин мазнуне, ки дар бемористон бистарӣ шудааст, аз тариқи тамоси видеоӣ дар ин муҳокима ширкат кард.

Ин афрод ба ширкат дар фаъолиятҳои террористӣ, ҷазби ҷангҷӯён, таблиғи терроризм ва соири ҷиноёт муттаҳам шуданд.

Бояд гуфт, ин 14 муттаҳам аз садҳо шаҳрванди Қазоқистон ҳастанд, ки соли ҷории мелодӣ дар пайи як амалиёти вижа аз Сурия ба меҳан бозгардонда шуданд.

Чанде қабл Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълом кард, ки дар ин амалиёти вижа мақомоти зирабти ин кишвар дар маҷмуъ 595 нафар, аз ҷумла беш аз 400 кӯдакро ба Қазоқистон бозгардонданд.

Аз миёни ин афрод то ба ҳол 10 мард ва 5 зан ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ширкат дар даргириҳои мусаллаҳона маҳкум ба зиндон шудаанд.