Октябр 29, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Кашфи майдони ҷадиди газӣ дар Қашқадарёи Узбакистон

Вазорати энержии Узбакистон аз кашфи майдони ҷадиди газӣ дар вилояти Қашқадарёи ин кишвар хабар дод.

Вазорати энержии Узбакистон эълом кард, майдони ҷадиди газӣ дар махзани «Ёрмоқ»-и Қашқадарё кашф шуда, ки миқдори истихроҷи рӯзонаи газ аз ин майдон 250-300 ҳазор метри муккааб аст. Ба гузориши “Форс”, ин чоҳ дар ноҳияи Гузори вилояти Қашқадарё қарор дорад. Корҳои ҳаффорӣ дар чоҳи шумораи 3 дар моҳи март оғоз шуда ва то умқи 3300 метр ҳаффорӣ шудааст. Дар ин чоҳ дар се рӯзи оянда пажуҳишҳои маҳсулоти табиии газӣ анҷом хоҳад шуд.

Ширкати миллии «Узнефтгаз»-и Узбакистон аз оғози соли 2019 корҳои иктишофоти заминшиносиро дар панҷ минтақаи газу нафтхез анҷом медиҳад, ки дар натиҷаи он 5 чоҳи ҷадид кашф шудааст.

Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дувумро дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад.