Октябр 31, 2019 15:29 Asia/Dushanbe
  • Таътилии сафорати режеми саҳюнистӣ дар кивашрҳои Осиёи Марказӣ

Сафоратхонаҳои режеми саҳюнистӣ дар кивашрҳои Осиёи Марказӣ аз рӯзи 30 октябр имсол таътил шудааст.

Ба гузориши Фарғона, иллати ин таътилӣ эътисоби кормандони ниҳодҳои дипломати режеми саҳюнистӣ эълом шудааст.

Нашрияи саҳюнистӣ “The Times of Israel”, ҳам дар гузорише тавофуқ накардани вазоратхонаҳои молия ва умури хориҷа дар таъмини молиро омили аслии таътилии сафоратхонаҳои Исроил дар Осиёи Миёна эълом кардааст.

Пеш аз ин мақомоти сафорати режеми саҳюнистӣ дар Маскав, пойтахти Русия ҳам эълом кард, ки то иттилоъ баъдӣ ҳеҷ гуна хадамотрасонии консулӣ барои мутақозиёни сафар ба сарзаминҳои ишғолӣ ироа намешавад.

Режеми саҳюнистӣ ба ҷуз Тоҷикистон дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна сафоратхона дорад.

 

Барчасп