Ноябр 12, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Назарбоев барои эътилофи байналмилалии ҷаҳони ғайриҳастаӣ

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон рӯзи сешанбе дар иҷлоси клуби “Остона” дар пойтахти ин кишвар пешниҳоди ташкили эътилофи байналмилалии ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаиро матраҳ кард.

Ба гузориши ИРНА, Назарбоев дар суханоне дар панҷумин нишасти клуби “Остона” гуфт, донишмандон, сиёсатмадорон ва дипломатҳои аршади ҷаҳон метавонанд барои иртиқои манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ҳамкорӣ кунанд. Назарбоев ба ширкаткунандагон дар маҷмаи “Остона” пешниҳод кард, ки дурнамои ташкили чунин эътилофи ҷаҳониро баррасӣ кунанд. Раисҷумҳури собиқи Қазоқистон ҳамчунин бо ишора ба боло гирифтани танишҳо дар минтақаи ҷанубу шарқи Осиё гуфт, ки Шӯрои амнияти Созмони Милал бояд тазмини амнияти воқеӣ ба Кореяи Шимолӣ ироа диҳад, то ин кишвар аз силоҳи ҳастаӣ даст бардорад. Вай афзуд: “Мо нигарони ташдиди танишҳо дар атрофи Кореяи Шимолӣ ҳастем ва танҳо роҳҳали ин масъала ироаи тазмини амнияти воқеӣ аз сӯйи тамоми аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал ба Кореяи Шимолӣ аст”.

Панҷумини нишасти клуби “Остона” имрӯз дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон оғоз ба кор кард. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони меҳмони вижа дар ин нишаст суханронӣ кард.