Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд
(last modified Wed, 13 Nov 2019 14:42:35 GMT )
Ноябр 13, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд фардо дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон баргузор мешавад.

Намояндагони вазоратхонаҳои умури хориҷаи кишварҳои ҳамсуд дар ин нишаст масоили марбут ба чолиш ва таҳдидоти амниятӣ дар сатҳҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориҳои зиддитеррористиро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба нақл аз Форс, ширкаткунандагони ин нишаст ҳамчунин мавзӯъҳои марбут ба муқобила бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ва таъмини молии терроризмро баррасӣ хоҳанд кард.

Иттиҳодияи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21-и сентябри 1991 (20-и озари 1380) дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия,Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.