Ноябр 19, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • Вазъияти марзҳо, меҳвари гуфтугӯи мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар дидор бо сафири Тоҷикистон дар Бишкек равобити дуҷониба ва мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ду кишварро баррасӣ кард.

Ба нақл аз Спутник, дар дидори Чингиз Ҳайдарбеков ва Суҳроб Олимзода роҷеъ ба раванди феълии музокироти дуҷониба ва шитоб додан ба музокирот барои аломатгузории марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор бар зарурати ҳалли ҳар чи сареътари ихтилофоти марзӣ ва гаштзании муштараки нерӯҳои марзбонӣ ва интизомии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар минтақаҳои танишзо дар рустоҳои марзии вилоятҳои Ботканд ва Суғд ва низ густариши тиҷорати марзӣ таъкид шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки то кунун 504 километр аз он таин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар ду даҳсолаи ахир, музокирот байни мақомоти 2 кишвар ба натиҷаҳои матлуб нарасида ва ин мавзӯъ ҳамвора боиси бурузи таниш ва ихтилоф байни сокинони минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Ботканд ва Суғд бар сари истифода аз замин, чарогоҳ ва манобеи об шудааст.