Ноябр 19, 2019 13:51 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии академии онлайни исломӣ дар Қазоқистон

Донишгоҳи Нур-Муборак дар Қазоқистон бо роҳандозии академии исломӣ улуми диниро аз роҳи дур ва ба сурати онлайн тадрис мекунад.

Дар ин академӣ ҳадис, равоншиномӣ дар Ислом, ақидаи матридӣ (аз фирқаҳои исломӣ), фиқҳ, иқтисоди исломӣ, мутуни ҳадис ва диншиносӣ тадрис мешавад.

Ба нақл аз ИКНО, Кайрат Қурмонбоев муовини раиси донишгоҳи Нур-Муборак асотиди ин донишгоҳ ва пажуҳишгарони ҷавон мабоҳиси омӯзишӣ дар бораи дини исломро барои тадрис дар ин академӣ ба сурати филм таҳия кардаанд ва алоқамандон метавонанд донишҷӯи ин марказ шаванд.

Кайрат Қурмонбоев дар ин бора мегуяд, то кунун дар Қазоқистон барои омӯзиши дин ҳеҷ китобе таълиф ва тадрис нашудааст ва яке аз вижагиҳои ин академӣ ин аст, ки ба донишҷӯён пас аз гузарондани 120 воҳиди дарсӣ гувоҳӣ эъто мешавад.

Шаҳрияи ин давра 57 ҳазору шашсад танга (воҳиди пули Қазоқистон) аст ва дарсҳо аз имрӯз 19 ноябр оғоз мешавад.

 

Барчасп