Танзими асноди ниҳоии таини марзҳо байни Узбакистон ва Қирғизистон
(last modified Sun, 24 Nov 2019 05:45:17 GMT )
Ноябр 24, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Танзими асноди ниҳоии таини марзҳо байни Узбакистон ва Қирғизистон

Музокироти давраии Узбакистон ва Қазоқистон дар бораи нишонагузориҳои марзҳо дар шаҳри Нукус бо ҳузури мақомоти марзбонии ду кишвар баргузор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар чорчуби ин музокирот, ки рӯзи шанбе баргузор шуд, тарафайн  асноди ниҳоии таини марзҳои давлатӣ дар вилояти Навоӣ ва Ҷумҳурии худмухтори Қара Қалпоқистон-и Узбакистон муҷовир бо вилоятҳои Оқтеппа ва Қизил Урда ва Минқишлоқ-и Қазоқистонро танзим карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин ҷадвали нишастҳои ҳайатҳои давлатии Узбакистон ва Қазоқистон барои соли 2020 тасвиб шуд.

Узбакистон ва Қазоқистон ду ҳазору 203 километр марзи муштарак доранд.

Таин ва нишонагузории марзҳои Узбакистон ва Қазоқистон дар соли 2003 оғоз шуд.

Равобити ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазокистон ба хотири мушкилоти марзӣ, ҳар аз чанд гоҳе дастхуши таниш мешавад ва ин мавзӯъ баҳонае барои дахолати муғризонаи қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ шудааст.