Фаъолияти беш аз 7 ҳазор нафар дар ҳавзаи дин дар Қазоқистон
(last modified Mon, 25 Nov 2019 12:02:51 GMT )
Ноябр 25, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти беш аз 7 ҳазор нафар дар ҳавзаи дин дар Қазоқистон

​​​​​​​Вазири иттилоот ва тавсеъаи иҷтимоии ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, дар саросари кишвари Қазоқистон беш аз 7 ҳазор нафар дар ҳавзаи масоили дин фаъолият мекунанд.

Ба гузориши ИКНА, Даврон Обаев, вазири иттилоот ва тавсеъаи иҷтимоии ҷумҳурии Қазоқистон, дар суханоне гуфт, дар Қазоқистон ақвоми мухталиф бо эътиқодоти динии мутафовит зиндагӣ мекунанд. Ҷумҳурии Қазоқистон худро кишваре демократӣ медонад ва бидуни дар назар гирифтани ақоиди динӣ, ҳаққи озодии интихоби мазҳаб ва ҳуқуқи баробарро барои ҳамагон тазмин мекунад.

Вай афзуд, тайи 30 сол дар сарзамини Қазоқистон адёни мухталиф ва иттиҳодияҳои динӣ густариш ёфтаанд. Онҳо барои навсозии ҷомеъаи Қазоқистон, тақвияти ваҳдат ва тавофуқ, барқарории сулҳ ва равобити дӯстӣ дар ин кишвари чандқавмӣ, нақши бузурге ифо мекунанд.

Вазири иттилоот ва тавсеаи иҷтимоии ҷумҳурии Қазоқистон кард, имрӯза дар саросари ҷаҳон фирқаҳои мухарриби динӣ густариш ёфтаанд, бояд эътироф кард, ки ин масаъла яке аз аслитарин чолишҳои башарият аст ва ниёз ба вокуниши ба мавқе ва муассир дорад.

Ба гуфтаи вай тайи се сол беш аз 78 барномаи мухталиф дар ҳавзаи дин дар Қазоқистон анҷом шудааст.