Ноябр 27, 2019 14:06 Asia/Dushanbe
  • Пулшӯии 900 миллион долларӣ дар Қирғизистон

Раиси Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар Қирғизистон аз пулшӯии беш аз 900 миллиондолларӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Боқир Тоҳиров, раиси Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар Қирғизистон дар нишасти алании парлумон аз пулшӯии 932 миллиону 736 ҳазор долларӣ хабар дод.

Вай гуфт, дар расонаҳо иттилооте дар бораи интиқоли беш аз 700 миллион доллар ба кишварҳои мухталиф аз тариқи бонкҳои Қирғизистони мунташир шудааст, аммо пас аз таҳқиқот маълум шуд, ки дар ин фарояндҳо манобеи молии дигаре ҳам вуҷуд дорад.

Боқир Тоҳиров, Саймаити, тоҷири чинӣ ва ҳамсараш ва 8 нафари дигарро омилони аслии ин фасоди молӣ муаррифӣ кард, ки аз тариқи 17 бонки қирғизистонӣ беш аз 932 миллион доллар ба Чин, Туркия, Латвия, Англистон, Олмон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мунтақил карданд.

Тоҳиров таъкид кард, ин даромадҳо ғайриқонунӣ аст, зеро аз тариқи пулшӯӣ ва фирор аз пардохти молиёт касб шудааст.

Саймаити ду ҳафтаи гузашта дар шаҳри Истамбул кушта шуд.

Дар расонаҳои маҳаллии Қирғизистон, Раҳимбек Матраимов, муовини собиқи раиси гумруки ин кишвар машҳур ба Раҳим миллионер ба унвони шарики аслии Саймаити муаррифӣ шуда, ки дар рӯзҳои ахир дар Бишкек таҷаммӯи эътирозӣ бо дархости боздошти вай баргузор шудааст.