Ноябр 27, 2019 18:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши интиқоли сармояи Қазоқистон ба Туркия дар бахши амлок

Ҳамзамон бо сармоягузориҳои Туркия дар Қазоқистон, омори ҷадид ҳокӣ аз интиқоли маъкуси сармоя аз Қазоқистон ба Туркия бо афзоиши хариди амлоки шаҳрвандони Қазоқистон дар Туркия аст.

Ба нақл аз ИРНА, атбои Қазоқистон дар фосилаи моҳҳои январ то октябри соли ҷории мелодӣ 581 сохтмон ва мулк дар Туркия харидорӣ кардаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 146 маврид афзоиш нишон медиҳад.

Созмони сабти асноди Туркия эълом кард: Шаҳрвандони Туркия дор моҳи октябри соли ҷорӣ 80 мулк харидорӣ карданд, ки нисбат ба моҳи октябри соли гузашта 7 маврид бештар будааст.

Дар маҷмӯъ, дар моҳи октябри соли ҷории мелодӣ 142 ҳазору 800 мулк ва сохтмон дар Туркия ба фурӯш рафта, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 15 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

 

Барчасп