"Қалби мо - хонаи Қуръон" рақобати қуръонӣ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i48732-Қалби_мо_хонаи_Қуръон_рақобати_қуръонӣ_дар_Узбакистон
Мусобиқаи Қуръон бо шиори "Қалби мо - хонаи Қуръон" бо ҳузури бонувони Институти исломии Тошканд дар Узбакистон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 30, 2019 14:01 Asia/Dushanbe

Мусобиқаи Қуръон бо шиори "Қалби мо - хонаи Қуръон" бо ҳузури бонувони Институти исломии Тошканд дар Узбакистон баргузор шуд.

Ин мусобиқот дар панҷ риштаи ҳифз, тиловат, таҷвид, ошноӣ бо зиндагии ҳафт қорӣ ва озмуни мафоҳими қуръонӣ баргузор шуд.

Ба нақл аз ИКНА, Ҷаҳонгри Неъматов, Адҳамхонқорӣ Рашидов, Валихонқорӣ Азимов, Зафарқорӣ Маҳмудов ва Ҷаҳонгирқорӣ Рӯзиев доварони ин мусобиқа буданд, ки бар рақобати ширкаткунандагон назорат карданд.

Гурӯҳҳои ширкаткунанда мақоми аввал то севвумро ба сурати гурӯҳӣ касб карданд ва ба барандагон ҷавоизи арзандае эҳдо шуд.

Дар поёни рақобат донишҷӯёни соли севвуми гурӯҳи "Собиқот", донишҷӯёни соли дуввуми гурӯҳи "Бушро" ва донишҷӯёни соли аввали гурӯҳи "Аби ибн Каъб" ба тартиб аввал то севвум шуданд.