Ноябр 30, 2019 20:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Осиёи Марказӣ бар тавсеаи равобит бо Афғонистон

Раисони ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар нишасти ғайрирасмии худ дар шаҳри Тошканди Узбакистон бар тавсеаи равобит бо Афғонистон таъкид карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар ин нишаст, ки рузи шанбе бо ҳузури чаҳор раиси ҷумҳури кунунӣ ва раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон баргузор шуд, ширкаткунандагон афзоиши талошҳо барои ҳалу фасли даргириҳо дар Афғонистонро хостор шуданд.

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон дар ин нишаст гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин ба баъд ба мардуми Афғонистон кумакҳои бештаре хоҳанд кард ва ташаббусҳои  минтақаӣ ва тарҳҳои муштараки зербиноиро густариш хоҳанд дод.

Нишасти имрӯзи раисони ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон, Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, Сооронбой Жеенбеков раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон баргузор шуд.

Раисони ҷумҳури кишварҳои Туркманистон ва Қирғизистон ва раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон имрӯз ҳамчунин ба сурати ҷудогона бо ҳамтои узбакистонии худ дидор карданд.

Барчасп