Декабр 05, 2019 14:24 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши муштараки Узбакистон ва Русия

Размоиши муштараки нерӯҳои низомии Узбакистон ва Русия “Шарқ – 2019” дар устони Фарғона баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, размоиши муштараки нерӯҳои низомии Узбакистон ва Русия “Шарқ – 2019” дар минтақаи Ғурум саройи ноҳия Бешориқи устони Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин размоиш таҳкими патенсиали ҷангӣ, афзоиши донишҳои низомиён ва ҳамчунин табодули таҷрибиёт дар заминаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ барои ҳар ду кишвар унвон шудааст.

Ҳамчунин дар ин размоиши муштарак воҳидҳои низомии ду кишвар гурӯҳҳои кӯчаки душманони фарзиро аз байн бурданд.

Нерӯҳои низомии 2 кишвар ҳамчунин вазоиферо дар шаб ҷиҳат шиносоӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои шибҳинизомиёни фарзӣ барномарезӣ карда ва дар ин замина иқдомоти хосеро анҷом доданд.

Фармондеҳони вазорати дифоъ дар маросими ихтитомия таъкид карданд, ки ин размоиши муштарак дар сатҳи боло баргузор шуд.

 

 

 

 

 

Барчасп