Декабр 07, 2019 14:47 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши муштараки тоҷирони Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ашқобод

Ҳамоиши муштараки тоҷирони Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ашқобод баргузор мешавад.

Маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баррасии масоили марбут ба тавсиаи иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодии ин кишвар ва Туркманистон дар Ашқобод хабар дод.

Фаррух Шарифзода, сафири Тоҷикистон дар Ашқобод бо Давлтагелдӣ Раҷабов, раиси утоқи саноеъ ва бозаргонии Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот масоили марбут ба тавсиаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла дар чорчӯби ибтикори сарони ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп