Декабр 16, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Баррасии мушкилоти иқтисодии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Бо вуҷуди нархи хуби рушди тавлиди нохолиси дохилӣ дар як даҳаи гузашта дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, коҳиши фақр дар ин иқтисодҳои осебпазири минтақаи Осиёи Марказӣ раванди пойдоре надоштааст.

Ба гузориши ИРНА, бино бар омори Бонки Тавсеаи Осиё, ҳудуди 30 дарсад аз мардуми Тоҷикистон дар соли 2017 дар зери хатти фақр дар ин кишвар будаанд. Дар Қирғизистон низ ҳудуд 25.6 дарсади мардум зери хатти фақр будаанд.

Барои муқоиса, кишвари Непал, ки сохтори иқтисодӣ ва ҷамъиятии мушобеҳе дорад ва ба таври мушобеҳ то ҳадди зиёде ба даромадҳои ирсолии коргарони ин кишвар дар хориҷ вобастагӣ дорад, як даҳа қабл сатҳи фақри қобили муқоиса бо ин кишварҳо дошт.

Бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ, нархи фақр байни солҳои 2002 ва 2009 дар ҳар ду кишвар ба таври миёнгин ҳар сол 7 дарсад коҳиш доштааст. Аммо аз соли 2009 то кунун раванди коҳиши мизони фақр кунд шудааст. Бар асоси муҳосиботи Бонки Ҷаҳонӣ, нархи фақр дар Қирғизистон аз соли 2009 то кунун то ҳадди зиёде собит мондааст дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон низ ҳар сол ҳудуди як дарсад коҳиш доштааст.

Дар Тоҷикистон, бо вуҷуди рушди иқтисодии 7.2 дарсадӣ байни солҳои 2003 ва 2013 мизони иштиғол дар ҳамин муддат танҳо солиёна 2.1 дарсад рушд доштааст. Рушди исмии дастмуздҳо дар Қирғизистон ҳам дар як даҳаи гузашта ба мизони зиёде коҳиш доштааст ба тавре, ки оморҳои расмӣ ҳокист, ки рушди дастмуздҳо аз ҳудуди 17 дарсад дар соли 2010 ба 4.8 дарсад дар соли 2018 коҳиш ёфтааст.

Яке аз далоили поин будани иштиғолзоӣ ва рушди дастмуздҳо дар ин кишварҳо бузург будани бахши умумӣ аст, ки мӯҷиби тазъифи бахши хусусӣ мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише дар соли 2017 эълом кард, ки танҳо 13 дарсад аз машоғил дар Тоҷикистон дар бахши хусусӣ, расмӣ будаанд. Ба илова, фасод ва муҳити номусоид барои касбукор дар ҳар ду кишвар ба ин маънӣ аст, ки корофринҳои билқувва бо мавонеи зиёде барои вуруд ба фаъолият ва рискҳои зиёде барои кор рӯ ба рӯ ҳастанд.

 

Барчасп