Баргузории рӯзҳои пизишкии Қазоқистон дар Тоҷикистон
Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз оғози рӯзҳои пизишкии Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши “Форс”, маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз оғози рӯзҳои пизишкии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе хабар дод. Маросими ифтитоҳи рӯзҳои пизишкии Қазоқистон дар маҳалли “Ҳайат Реҷенси” –и шаҳри Душанбе, бо ширкати Саида Умарзода ва Шодихони Ҷамшед, муовинони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Олжас Абяшов, муовини Вазорати беҳдошти Қазоқистон баргузор шуд.
Ҳамчунин дар ин маросим намояндагони муассисоти илмӣ, пизишкӣ, ширкатҳои дорусозии ду кишвар ширкат карданд. Дар оғози ин маросим, намоишгоҳи дастовардҳои Қазоқистон дар заминаҳои мухталифи арсаи пизишкӣ баргузор шуд. Дар чорчӯби рӯзҳои пизишкии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе, ки ду рӯз идома хоҳад дошт, давраҳои омӯзишӣ ва ҳамчунин ҷарроҳӣ бо мушорикати пизишкони Қазоқистон барномарезӣ шудааст.