Мамнуъ шудани хариди арзҳои диҷитол дар Узбакистон
Узбакистон хариди арзҳои диҷитолро мамнуъ кард.
Ба гузориши "Форс", Идораи миллии мудирияти молии Ӯзбакистон аз авоили декабр (авосити озар) ислоҳияҳои ҷадиде дар қавонини арзӣ эҷод карда, ки мутобиқи он хариди арзҳои диҷитол барои афрод мамнуъ шудааст.
Бар ин асос, шаҳрвандони Узбакистон ҳатто бо муроҷиа ба саррофиҳои муҷоз низ қодир ба хариди қонунии арзҳои диҷитол нестанд.
Бо ин ҳол, идораи ёдшуда ба сармоягузорон иҷоза додааст то дороиҳои диҷитоли худро, ки пеш аз иҷрои мамнуияти ҷадид касб карда буданд, аз атриқи ду даргоҳи сабтшуда дар кишвар - Форклог ва Спутник ба фурӯш бирасонанд.
Тасмими давлати Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари арзҳои диҷитол дар ин кишвар ба яке аз мавзӯоти доғи бозорҳои молӣ табдил шуда ва ба баҳсҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ доман задааст.
Бар асоси иттилооте, ки то кунун ба даст омадааст, ба назар мерасад, ки давраи корбурди арзҳои диҷитол ба унвони як шеваи қонунии пардохтӣ дар кишвари Узбакистон ба поён расидааст. Саррофиҳо аз ин пас танҳо дархости сармоягузорони таъйидшудаеро мепазиранд, ки беш аз 18 сол син дошта бошанд ва мазнун ба мушорикат дар фаъолиятҳои ғайримуҷоз набошанд. Ин масъала бархоста аз нигарониҳои Узбакистон аз мушорикати эҳтимолии бархе сармоягузорҳо дар пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм аст.