Январ 04, 2020 09:40 Asia/Dushanbe
  • Поёни поксозии майдонҳои мина дар марзи муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон

Узбакистон аз поёни поксозии майдонҳои мина дар марзи муштараки Узбакистон бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба нақл аз  сомонаи Азия  Плюс, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар эълом карданд,ки мутахасисони низомии Узбакистон минаҳои  ҷогузошташуда дар марз бо Тоҷикистонро поксозӣ карданд.

Гуфта мешавад ,ки низомиёни Узбакистон дар ин маврид пешниҳоди ҳамкории мутахасисони тоҷикро қабул накарданд, зеро минтақаҳои марзии муштараки ин ду кишвар дар солҳои 2000 ро артиши Узбакистон минагузорӣ кард.

Ислом Каримов раиси ҷумҳурии пешини Узбакистон дар оғози соли 2000 ба баҳонаи пешгири аз вурӯди муборизони исломгаро аз Афғонистон ва Тоҷикистон, марзи муштарки ҳазору 300 киллометрии ин кишвар бо Тоҷикистонро минагузорӣ кард, ин иқдом боис шуд дар ин муддат ҳудуди 800 ғайринизомӣ бар асари таркишҳои мина кушта  ва захмӣ шаванд.

Ба гуфтаи мутахасисон тозакардани минаҳои ҷогузоштаи ду кишвар дар 52 минтақаи хатарнок бар асоси нақшаҳои мавҷуд дар артиши Узбакистон, бояд 11 ҳазор минаро хунсо мекарданд.

Дар сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ба Тоҷикистон дар санаи 9 ва 10 моҳи марти соли 2018 ва музокироти вай бо Эмомалӣ Раҳмон, тарафҳо дар хусуси поксозии тамоми марзи муштараки ду кишвар аз мина , то поёни соли 2019-и милодӣ тавофуқ карданд.