Январ 06, 2020 18:06 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи «осмони боз» миёни Қазоқистон ва Амрико

Қазоқистон ва Амрико тавофуқномаи «осмони боз» миёни ду кишвар имзо карданд.

Ба гузориши Форс, аз тарафи давлати Қазоқистон Бейбут Атамкулов, вазири саноат ва тавсеаи зерсохтҳои ин кишвар ва аз ҷониби Амрико Уилям Мозер, сафири ин кишвар дар Нур- Султон ин санадро имзо карданд.

Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон дар гузорише эълом кард, ин нахустин тавофуқнома барои Қазоқистон аст, ки усули осмони боз мутобиқ бо тавсияҳои Созмони байналмилалии ҳавопаймоии кишварӣ дар заминаи озодии бештари ҳамлу нақли ҳавоиро пешбинӣ мекунад.

Бинобар ин гузориш, имзои ин санад фурсати хуберо барои ширкатҳои ҳавоие, ки қасди парвоз ба самти ду кишварро доранд эҷод ва маҳдудият дар теъдоди ширкатҳои ҳавоӣ, мақосид ва фреконсҳои парвозро ҳазф ва дараҷаи панҷуми озодии парвозро фароҳам мекунад.

Тавофуқномаи мазкур ҳамчунин пояи ҳуқуқӣ барои анҷоми парвозҳои муназзами мустақим миёни ду кишварро фароҳам ва ба тавсеаи бештари шарикии стратегӣ миёни Қазоқистон ва Амрико кумак хоҳад кард.

 

Барчасп