Январ 08, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Тошканд мизбони иҷлоси Комиссияи муштараки марзҳои Тоҷикистон ва Узбакистон

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории нахустин даври нишасти Комиссияи муштараки таъйини марзҳои давлатии ин кишвар ва Узбакистон дар Тошканд хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баргузории нахустин даври нишасти Комиссияи муштараки таъйини марзҳои давлатии ин кишвар ва Узбакистон дар Тошканд хабар дод.

Аввалин даври нишасти Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2020 –и мелодӣ дар заминаи таъйини марзҳои ду кишвар дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Дар ин музокирот тарафайн ба сатҳи болои равобити дуҷониба миёни ду кишвар ишора карданд.

Дар ин иҷлос асноди ҳуқуқӣ ва фаннӣ ба тасвиб расиданд, ки пояе барои идомаи таъйини марзҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон хоҳанд буд.

Дар ин музокирот барномаи ҷаласот барои соли 2020 –и мелодӣ ҳамоҳанг шуд.

Дар поёни ин иҷлос тарафайн протоколи муртабитро имзо карданд.