Сафҳои тулонӣ барои хариди Қуръон дар Узбакистон
(last modified Tue, 14 Jan 2020 05:07:24 GMT )
Январ 14, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Сафҳои тулонӣ барои хариди Қуръон дар Узбакистон

Мардуми мусулмони Узбакистон дар шаҳри Тошканд пойтахти ин кишвар бо роҳандозии сафҳои тулонӣ барои хариди китоби муқаддаси Қуръон, иштиёқи васфнопазири худ ба китоби Худоро ба намоиш гузоштанд.

Ба нақл аз сомонаи ИсломУз, рӯзи 11 январ фуруши давраии Қуръони маҷид дар Узбакистон роҳандозӣ шуд, ки бо истиқболи бензири мардум дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои Узбакистон ру ба ру шуд.

Нархи ҳар ҷилд қуръони маҷид дар Узбакистон 35 ҳазор сум пули миллии Узбакистон баробари 3 доллару 70 сент эълом шудааст.

Гуфта мешавад қуръонҳои ба фуруш гузошта шуда дар интишороти Ҳилол ба чоп расида, ки ин интишорот тавассути марҳум шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф донишманди бузурги исломии Узбакистон ва Осиёи Марказӣ бунён шудааст.

Қаблан дар Узбакистон асосан қуръонҳои чопи кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс арза мешуд.