Барканории сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамзамон бо музокироти марзии ду кишвар
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Қирғизистонро барканор кард.
Ба нақл аз Авесто, мақомоти ҳукуматӣ дар Бишкек эълом карданд музокирот бо мақомоти Тоҷикистон дар минтақаи марзии муштараки ин ду ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.
Сарпарастии ҳайатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистонро Жениш Раззоқов ва Азим Иброҳим муовинони нахуствазири Қирғизистон ва Тоҷикистон бар уҳда доранд.
Аммо як рӯз пеш аз оғози музокироти ҳайатҳои ду кишвар барои баррасии иллати бурузи танишҳои ахир ва чигунагии нишонагузории марзи муштараки ду ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Суҳроб Олимзода сафири ин кишвар дар Қирғизистонро барканор ва Назир Муҳаммадализодаро ба унвони сафири нави ин кишвар дар Қирғизистон мансуб кард.
Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир вазъият дар марзи муштараки ин ду кишвар дар ноҳияҳои Ботканд ва Исфара ба далели даргирӣ миёни сокинони рустоҳои марзӣ ноором аст.
Дар ин миён раисони ҷумҳурӣ ва вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ бар зарурати поён додан ба ин муноқишот ва барқарории амният дар марзи муштараки ин ду кишвар таъкид карданд.
Бар асоси оморҳои расмии соли гузашта 14 бор байни сокинони рустоҳои ду кишвар дар марзи муштараки ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон тирпаронӣ шуд, ки шаш тоҷик ва як қирғиз бар асари асобати тир кушта ва 60 нафар низ захмӣ шуданд.