Январ 15, 2020 12:27 Asia/Dushanbe
  • Дастёбӣ ба шаш тавофуқи ҷадид дар музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Музокироти 10-соатаи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи марзии муштараки ду кишвар, ба тавофуқ бар сари шаш мавзӯъ анҷомид.

Ба нақл аз дафтари матбуотии ҳукумати Қирғизистон, бар асоси натоиҷи ин музокирот, тарафҳо мутааҳҳид шуданд 114 километр аз марзи муштараки ду кишварро, ки бар сари он тавофуқ шудааст, аломатгузорӣ ва дар муддати як моҳ дар парлумонҳои ду кишвар тасвиб кунанд.

Ҳамчунин қарор шуд мавзӯи муовизаи бархе манотиқи мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба шакли шатранҷӣ дар қаламрави ин ду кишвар воқеъ шудааст, то рӯзи аввали моҳи марти соли 2020 ниҳоӣ шавад.

Насби таҷҳизоти рӯшанӣ дар манотиқи рустоии мавриди ихтилоф, гаштзании муштараки нерӯҳои интизомии ду кишвар дар ин манотиқ ва насби дурбинҳои назоратӣ, бо имкони тасвирбардории шабонарӯзӣ барои ташдиди назорат бар манотиқи мавриди ихтилоф, аз дигар тавофуқоти бадастомада дар ин музокирот аст.

Тарафҳо ҳамчунин эълом кардааанд, ки аз ин пас, аз интишори ахбор дар бораи рӯйдодҳои эҳтимолиӣ дар манотиқи мавриди ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар расонаҳои хабарӣ ҷилавгирӣ мешавад ва танҳо ахбори мавриди тавофуқи ду кишвар муҷаввизи интишор меёбад.

Ин музокирот бо ҳузури мақомоти сиёсӣ, амниятӣ ва интизомӣ, додситониҳои кулли марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи марзии муштараки ду кишвар байни посгоҳҳои "Гулистон" ва "Қизил бел" анҷом шуд.

Раёсати ҳайатҳоро дар ин музокирот Жанеш Раззоқов ва Азим Иброҳим, муовинони нахуствазирони Қирғизистон ва Тоҷикистон бар ӯҳда доштанд.

 

 

Барчасп