Баргузории нахустин намоишгоҳи байналмилалии “Ҷавоҳирот” дар шаҳри Тошканд
Нахустин намоишгоҳи байналмилалии “Ҷавоҳирот” рӯзҳои 8 то 10 майи соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Ба гузориши “Форс”, намоишгоҳи байналмилалии “Ҷавоҳирот, таҷҳизоти рӯз, фанновариҳои санъати ҷавоҳир ва анвои сангҳои қиматбаҳо ва ҷавоҳироти Узбакистон” дар сохтмони Халлоқияти Ҷавонони шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Бар асоси мусаввабаи кобина, ин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи май аз рӯзи ҷумъа то якшанбе баргузор хоҳад шуд.
Ҳазинаи созмондеҳӣ ва баргузории ин намоишгоҳ тавассути Бунёди тавсеаи ҷавоҳиролоти вобаста ба иттиҳоди “Ӯзбак заргар саноатӣ” ва ҳамчунин дигар манобеъ таъмини молӣ мешавад.
Ширкаткунандагони намоишгоҳи ҷавоҳирот метавонанд тавлидоти худро ба боздидкунандагон бифурӯшанд ва мусаввабаи лозими он тавассути кобинаи Узбакистон дар мавриди фурӯши ҷавоҳирот ба афроди ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ тасвиб шудааст.