Январ 29, 2020 21:46 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи эътирозии шаҳрвандони Қирғизистон ба сохти маркази лаҷистикии Чин

Теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Қирғизистон дар эътироз ба сохти маркази лаҷистикии Чин дар устони Норини ин кишвар таҷаммуъ карданд.

Муътаризин дар ин таҷаммуъ хостори таваққуфи сохти маркази лаҷистикӣ дар минтақаи Ат Боши шуданд.

Ба гузориши “Форс”, ба гуфтаи ин афрод, иҷораи заминҳои Қирғизистон тавассути ширкатҳои чинӣ амнияти миллии ин кишварро таҳдид мекунад ва иҷрои чунин барномаҳо тавассути сармоягузорони дохилӣ лозим аст.

Ҷумъагул Тантимишов, муовинм раисм минтақам Ат Боши бо муътаризон дидор карда, ҷузъиёти барномаро тавзеҳ дод.

Вай гуфт, шаҳрвандони чинӣ на замин харидорӣ кардаанд ва на иҷора, зимни ин ки иҷрокунандаи проекти ширкати маҳаллии мавсум ба “Нур строй” аст.

Ин мақоми қирғиз гуфт, тамоми иқдомот дар чорчӯби қонунҳои Қирғизистон анҷом шуда ва манофеи сокинони минтақа ҳатман риоят мешавад.

Тарҳи сохти маркази лаҷистикии қирғизӣ- чинӣ дар моҳи декабри соли гузашта калид хурд ва барои ин барнома устондории Норин 200 гектар замин дар ихтиёри ин проект қарор додааст.