Январ 29, 2020 22:24 Asia/Dushanbe
  • Берлин мизбони конфронси байналмилалии “Осиёи Марказии сабз”

Конфронси байналмилалии “«Осиёи Марказии сабз” бо ҳузури вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Олмон ва Афғонистон баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар ин конфронс вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Олмон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, коршиносони барҷастаи иқлим ва ҳамчунин намояндагони маҳофили илмӣ ва иҷтимоӣ, тиҷорат ва расонаӣ ширкат карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар суханони худ ҷомеаи ҷаҳониро ба тақвияти ҳамкориҳо бо дар назар гирифтани тағйири иқлим ва таъсири он бар олами ҳайвонот ва гиёҳон даъват ва ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар барои эҷоди як сандуқи байналмилалии ҳифозати пиряхҳои табиӣ, ки барои кумак ба кишварҳои ниёзманд ва таҳти таъсири тағйири обуҳаво пешбинӣ шудааст, ишора кард.

 Муҳриддин ҳамчунин бар аҳамияти ҳифозат ва истифодаи мантиқии манобеи обии минтақа таъкид ва таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ин конфронсро ба ибтикороти ҷаҳонии раисҷумҳури Тоҷикистон дар заминаи манобеи обӣ, ки ба тавсеа ва иҷрои аҳдофи тавсеаи пойдори марбут ба об кумак мекунанд, ҷалб кард

Ҳайку Мас, вазири умури хориҷаи федерали Олмон дар ифтитоҳи ин конфронс гуфт, ки дар маърази хатар қарор доштани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари тағйироти обуҳавоӣ ба як омили ҷиддӣ табдил шуда, ки мусталзими тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ аст.

Вай афзуд: “Мо аз фарояндҳои ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ ҳимоят мекунем ва алоқамандем, ки ин кишварҳо битавонанд ба унвони як минтақаи воҳид аз манофеи худ намояндагӣ кунанд”.