Феврал 05, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Рухнамоии ҳиҷоб дар маркази тиҷории Бишкек

Нашрияи исломии занони Қирғизистон бо номи “Уммат” бо баргузории маросиме бо ҳузури густурдаи занони мусулмон дар муҷтамаи тиҷории “Бишкек парк”, Рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷобро дар ин кишвар гиромӣ дошт.

Ба гузориши ИКНА, нашрияи исломии занони Қирғизистон бо номи “Уммат” имсол низ ҳамчун соли гузашта Рӯзи ҷаҳонии Ҳиҷобро бо баргузории маросими вижа гиромӣ дошт.

Чунин маросиме чаҳор сол аст, ки ба ибтикори ин нашрия дар Бишкек баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории маросим бар асоси эъломи баргузоркунандагони он, дифоъ аз ҳуқуқи занони мусулмон аст. Ин барнома имсол бо ҳузури занони фаъол дар ҳавзаи сиёсат, иқтисод ва фарҳанг дар муҷтамаи тиҷории “Бишкек парк” баргузор шуд.

Ҷамол Фронтбек қизӣ, раис созмон иҷтимоии занони Қирғизистон мавсум ба “Мутакаллим” низ гуфт, мардуми ин кишвар муддати зиёде таҳти ҳукумати Шӯравӣ қарор доштанд ва пас аз фурӯпошии Шӯравӣ кам-кам суннатҳои динӣ дубора равнақ гирифт.

Дар ин маросим, ки ҳамсари ройзани фарҳангии Эрон дар Бишкек низ ҳузур дошт, ба занони муҳаҷҷабаи фаъол дар ҳавзаҳои мухталиф ва низ барандагони мусобиқаи дар назаргирифташуда ҳадоё ва ҷоизаҳое эҳдо шуд.