Феврал 06, 2020 16:23 Asia/Dushanbe
  • Шиддат гирифтани ихтилофоти сафоратҳои Русия ва Амрико дар Қирғизистон

Ихтилофоти сафоратҳои Русия ва Амрико дар Бишкек пас аз интишори мақолае бо мазмуни ҳимояти Вашингтон аз нооромӣ дар Қирғизистон шиддат гирифт.

Ба гузориши Форс, ихтилофоти сафоратҳои Русия ва Амрико дар Бишкек пас аз интишори мақолае бо мазмуни ҳимояти Вашингтон аз нооромӣ дар Қирғизистон шиддат гирифт.

Чанде пеш рӯзномаи қирғизии мавсум ба «Дело», мақолае дар бораи интиқоли 60 миллиондоллар ба Қирғизистон тавассути давлати Амрико барои густариш бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ хабар дод.

Тибқи ин мақола, мақомоти сафорати Амрико дар Бишкек 26 ҷаъбаи ҳовӣ пули нақд бо ҳадафи таъмини молии гурӯҳи мухолифи Қирғизистон дарёфт карданд.

Сафорати Амрико дар вокуниш ба ин мақола паёмеро мунташир кард, ки дар он омадааст, ин иттилоот ғайри воқеӣ аст ва тавассути Русия густариш меёбад ва мо эътимод дорем, ки шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд иттилооти воқеӣ ва ахбори қобили эътимодро ташхис диҳанд.  

Маҳмулаи дарёфт шуда тавассути мақомоти сафорати Амрико дар Бишкек таҷҳизоти маъмулӣ будааст.

Пас аз интишори баёнияи сафорати Амрико дар Бишкек сафорати Русия низ бо интишори баёнияе унвон кард, мо иттилооте дар бораи ҷузъиёти маҳмулаи сафорати Амрико надорем, аммо Вашингтон дар мушкилоти худ ҳамвора ба думболи радди пои Москва аст.