Феврал 06, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Афви 58 зиндонӣ бо дастури раисиҷумҳури Узбакистон

Раисиҷумҳури Узбакистон дар ҳукме, теъдоде аз зиндонёни ин кишварро афв кард.

Ба гузориши Форс, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон бо судури ҳукме, теъдоде аз зиндонёни ин кишварро, ки аз самими қалб пушаймон ва ислоҳ шудаандро афв кард.

Бинобар ин фармон, 58 шаҳрванди мавриди афв қарор гирифтанд, аз ҷумла 41 нафар аз онон аз зиндон ба қайди замонат озод, муҷозоти 3 нафар машмули тахфиф шуда ва муддати маҳкумияти 14 нафар низ коҳиш ёфтааст.

Тибқи ин фармон, вазоратхона ва идороти марбута барои афв шудагон дар ҷиҳати созгорӣ бо шароити зиндагӣ, тамоми шароити мавриди ниёзро фароҳам хоҳанд кард.