Густариши ҳамкориҳои Узбакистон ва Қазоқистон дар заминаи энержии ҳастаӣ
Вазири экология, заминшиносӣ ва манобеи зерзаминии Қазоқистон ва мақомоти вазорати энержии Узбакистон дар Тошканд, роҳҳои тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи баҳрабардорӣ аз энержии ҳастаиро баррасӣ карданд.
Магзум Мирзагалиев, вазири экология, заминшиносӣ ва манобеи зерзаминии Қазоқистон ва мақомоти вазорати энержии Узбакистон рӯзи панҷшанбе, густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи мушорикати баробар дар ҳавзаи иттилорасонӣ ва арзёбии таъсири нирӯгоҳ ҳастаӣ ба муҳити зист ва ҳамчунин экологияро мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Тарафи узбакистонӣ гузориширо дар мавриди раванди иҷрои сохти нирӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистон, иқдомоти дар дасти анҷом дар чорчуби барномаҳои энержии ҳастаӣ ва ҳамчунин абзорҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар заминаи амнияти ҳастаӣ дар ихтиёри тарафи қазоқӣ қарор дод.