Иродаи Ҳинд барои тиҷорат бо Осиёи Марказӣ аз тариқи бандари Чобаҳор
(last modified Fri, 07 Feb 2020 14:28:21 GMT )
Феврал 07, 2020 19:28 Asia/Dushanbe
  • Иродаи Ҳинд барои тиҷорат бо Осиёи Марказӣ аз тариқи бандари Чобаҳор

Вазири хориҷаи Ҳинд гуфт, ки ин кишвар ба дунболи афзоиши таомули тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тариқи бандари Чобаҳор аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, вазири умури хориҷаи Ҳинд дар Шӯрои тиҷории Ҳинд-Осиёи Марказӣ бо ишора ба набуди иртиботи заминии муассир миёни Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки ду минтақа бояд каридори ҳавоии пойдоре барои афзоиши таомули тиҷорӣ ва иқтисодӣ эҷод кунанд.

Субраманям Ҷайшанкар афзуд, Ҳинд ҳамчунин қасд дорад камбудҳо дар заминаи иртиботи заминӣ миёни ин ду минтақаро бо истифода аз масири убурӣ аз бандари Чобаҳор дар Эрон ҷуброн кунад.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд гуфт, Ҳинд, Эрон ва Афғонистон муътақиданд, ки Чобаҳор меҳвари иртиботӣ барои расидани колоҳои Ҳинд ба Афғонистон ва пас аз он ба кишварҳои марказӣ ва шимоли Осиё хоҳад буд.

Бандари Чобаҳор дар маҳдудаи устони Систон ва Балучистон, дар ҷануби шарқи Эрон ва дар соҳили дарёи Уммон қарор дорад.

Ин бандар як бахши муҳим ва долони ҳамлунақли шимол ва ҷануб буда ва тарҳи сохту тавсеаи он соли 2000 аз тарафи Русия, Ҳинд ва Эрон имзо шуд.

Бандари Чобаҳори Эрон аз ҷанбаҳои мухталиф барои Ҳинд аҳамияти зиёде дорад ва муҳимтарин далели он мавқеияти роҳбурдии ин бандар аст.

Давлати Ҳинд дар буҷаи пешниҳодии худ барои соли 2020- 2021, ки ҳафтаи гузашта эълом шуд, буҷаи муқарраршуда барои тавсеаи бандари Чобаҳорро бо ду баробар афзоиш нисбат ба соли гузашта, ҳудуд 14 миллион доллар эълом кард.