Феврал 08, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Даргириҳои мусаллаҳона дар Қазоқистон бо 48 кушта ва захмӣ

Вазири умури кишвари Қазоқистон эълом кард, бар асари даргирии мусаллаҳона дар ҷануби ин кишвар камаш ҳашт тан кушта ва 40 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба нақл аз Рейтерз, Ярлон Торгамбоев рӯзи шанбе гуфт, дар ин даргирие, ки ҷумъашаб дар вилояти Ҷамбил дар ҷануби Қазоқистон рух дод ва дар он шуморе аз нерӯҳои полис низ захмӣ шуданд, ҳудуди 70 нафар ҳузур доштаанд.

Вазири кишвари Қазоқистон афзуд, бархе ашхос бо интишори филм ва матолибе дар фазои маҷозӣ мехоҳанд ба ташдиди танишҳо доман бизананд.

Тибқи ин гузориш, ҳар чанд мақомоти Қазоқистон ба таври ошкор дар бораи моҳияти ин даргирии мусаллаҳона, матлабе эълом накардаанд, аммо даргирӣ дар минтақае рух додааст, ки маҳалли сукунати ақаллияти мусулмон бо асолати чинии Дунқон аст.

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, шуморе аз ашхоси мусаллаҳ, хонаҳои рустои Масанчӣ дар ҳудуди 120 километрии ҷануби ғарбии Алмаато дар наздикии марз бо Тоҷикистонро ба оташ кашиданд.

Қосим Жомарт Токаев раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳам бино бар ваҳдати миллии кишвар ваъда дод, ки пас аз поёни таҳқиқот муқассирони ҳодиса ҷазо хоҳанд дид.

 

Барчасп