Феврал 18, 2020 09:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти Тоҷикистон аз Узбакистон дар соли гузашта

Мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом карданд, дар соли 2019 воридоти маҳсулот аз Узбакистон ба ин ҷумҳурӣ афзоиш доштааст.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин кишвар дар соли 2019 аз Узбакистон 190 миллиону 100 ҳазор доллар маҳсул ворид кард.

Сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, Тоҷикистон низ 172 миллион доллар коло ба Узбакистон содир кардааст.

Либос, гоз, куди химиёӣ аз ҷумла колоҳое аст, ки Тоҷикистон аз Узбакистон ворид мекунад ва алюминий, семент, гач (бур) ва масолеҳи мухталифи сохтмонӣ аз ақломи содиротии Тоҷикитсон ба Узбакистон аст.

Арзиши табодулоти тиҷории ду кишвар дар соли 2000 ҳудуди 500 миллион доллар буд, ки бо вуҷуди беҳбуди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ аз соли 2017 то кунун ҳануз таомулоти иқтисодии ду ҷумҳурӣ ба ин мизон нарасидааст.