Дастгирии 21 нафар ба ҷурми ифротгароӣ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51066-Дастгирии_21_нафар_ба_ҷурми_ифротгароӣ_дар_Узбакистон
21 нафар дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба гумони омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 20, 2020 15:06 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 21 нафар ба ҷурми ифротгароӣ дар Узбакистон

21 нафар дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба гумони омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин афрод муттаҳам ба ифротгароӣ ва тарафдори гурӯҳҳои такфирӣ ҳастанд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон бо фарде ба номи Шодибеков, ки дар Сурия дар сафи гурӯҳи террористии Тавҳид ва ҷиҳод фаъолият мекунад ҳастанд.

Бино ба ҳукми Додгоҳи олии Узбакистон, аз таърихи 26 сентябри соли 2016, гурӯҳи террористии Катибаи тавҳид ва ҷиҳод дар феҳристи созмонҳои байналмилалии террористӣ қарор гирифтааст.