Қирғизистон содироти барқро мутаваққиф мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51084-Қирғизистон_содироти_барқро_мутаваққиф_мекунад
Раиси ширкати миллии энержии Қирғизистон аз қатъи содироти барқи ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2020 15:44 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон содироти барқро мутаваққиф мекунад

Раиси ширкати миллии энержии Қирғизистон аз қатъи содироти барқи ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Айтмат Назаров, раиси ширкати миллии энержии Қирғизистон гуфт: “Мо маҷбур ҳастем содироти энержиро ба далели камбуди об дар махзанҳои обии Қирғизистон мутаваққиф кунем”.

Назаров изҳор дошт, Қирғизистон ҳамчунин дар оянда бояд аз кишварҳои ҳамсоя барқ ворид кунад ва музокирот ҳам дар ин замина оғоз шудааст.

Соли гузашта Кубатбек Боронов, муовини нахуствазири Қирғизистон ҳам аз лузуми сарфаҷӯӣ дар об хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар се то панҷ соли оянда барои ҷилавгирӣ аз коҳиши тавлиди барқ бояд махзанҳои обӣ пур шавад.