Феврал 23, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Баррасии муовизаи замин дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон

Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидоре дар Ботканд мавзӯи муовизаи заминҳои ду кишварро барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ баррасӣ карданд.

Ба нақл аз хабаргузории ТоҷикТа, ин музокирот ба сарпарастии Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Жанс Раззоқов муовини нахуствазири Қирғизстон ва сарпарасти ҳайати музокиракунандаи ин кишвар чанде пеш аз симати хеш истиъфо дод ва акнун Икроммуҳаммад Умаров ин масъулиятро бар уҳда гирифтааст.

Азим Иброҳим сарпарасти ҳайати тоҷикистонӣ дар ин нишаст бо таъкид бар таваҷҷуҳ ба манофеи ҳар ду тараф гуфт, сокинони минтақаҳои марзии ин ноҳияҳо мутмаин бошанд, ки ҳайатҳои ҳукуматӣ тасмимоти дурусте хоҳанд гирифт.

Вай аз тавофуқи ду тараф барои нишонагузории 114 километр аз марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.

Акрам Мадумаров муовини нахуствазири Қирғизистон низ гуфтааст, ки музокироти ахир дар шаҳри Ботканд гоме амалӣ барои иҷрои тавофуқот дар заминаи муовизаи замин бо Тоҷикистон аст.

Дар пайи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ 521 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Барчасп