Феврал 24, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори нахуствазири Қирғизистон дар мавриди нақши авомили хориҷӣ дар эътирозҳои ахир

Нахуствазири Қирғизистон бо ишора ба бекор кардани қарордоди сохти як маркази лаҷестикӣ ба далели таҷаммӯи эътирозӣ дар ин кишвар гуфт, ба назари мо дастҳои пинҳони хориҷӣ мардуми вилояти Наринро таҳкир кардаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс дар Бишкек, Муҳаммадқозӣ Абдулқозиев афзуд, сармоягузорони хориҷӣ шавқманд ба сохти маркази лаҷестикӣ дар минтақаи дурафтодаи Қирғизистон буданд ва ҳамчунин ин сармоягузор аз эҷоди 15 ҳазор шуғли нав ва таъсиси корхонае бо технологиҳои навин дар қолиби ин тарҳ хабар дода буд.

Нахуствазири Қирғизистон афзуд, қарор буд аз тариқи фаолияти ин марказ будҷети вилояти Нарин таъмин шавад ва иқтисоди Қирғизистон тавсеа меёбад.

Абдулқозиев гуфт, давлат тамоми бандҳои қарордодро баррасӣ карда буд, аммо сармоягузорон ба далели эътирози сокинони он минтақа қарордодро бекор карданд.

Вай таъкид кард, ки бекор кардани ин қарордод бо манофеи сокинони ин вилот таносубе надорад ва ба назар мерасад дастҳои пинҳони хориҷӣ мардуми Наринро таҳрик карданд.

Нахуствазири Қирғизистон гуфт, ин таҳаввулот ба далели беэътимодии мардум ба фаолиятҳои давлатӣ рух медиҳад, зеро дар гузашта тарҳҳои бузург танҳо барои пур кардани ҷайби мақомоти фосид иҷро мешуд.

Вилояти Нарин яке аз минтақаҳои кӯҳистонӣ ва ақибмондаи Қирғизистон аст, ки сокинони он ба домдорӣ ва кишоварзӣ иштиғол доранд.

Қарордоди сохти маркази тиҷорӣ-лаҷестикӣ 13 июни соли 2019 дар чорчуби сафари Сзинпин  раисҷумҳури Чин ба Қирғизистон ба имзо расид, ки бар асоси он қарор аст мубодилаҳои тиҷорӣ байни Чин ва кишвраҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз тариқи ин марказ анҷом шавад.

Ин қарордод бо таҷаммӯи эътирозомези беш аз ҳазор нафар аз сокинони минтақа рубару шуд.

Муътаризон ҳузури шаҳрвандони чиниро таҳдиде ҷиддӣ барои амнияти миллӣ эълом карданд.

Барчасп