Марги як фаъоли сиёсии мухолифи давлати Қазоқистон дар зиндон
Мақомоти Қазоқистон аз марги як фаъоли сиёсии мухолифи давлати ин кишвар дар яке аз боздоштгоҳҳои пулис хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА, бинобар гузориши рӯзи сешанбеи Вазорати умури дохилии Қазоқистон, Дулат Агадили 40-сола пас аз боздошт ба дасти пулис ба хотири бемории қалбӣ дар яке аз боздоштгоҳҳои Нурсултон ҷон бохт.
Тибқи баёнияи Вазорати умури дохилии Қазоқистон, Агадил барои посухгӯӣ ба суолот дар бораи иттиҳоми таҳқири додгоҳ ва як қозӣ боздошт шуда буд.
Пулиси Қазоқистон ҳар гуна иқдоми хушунатомез алайҳи ин фаъоли сиёсиро рад кардааст. Вазорати умури дохилии Қазоқистон ҳам таъкид кард, ки ҳамчунон ба таҳқиқот дар бораи шароити ҷон бохтани Агадил идома медиҳад.
Дулат Агадил дар эътирозоти зиддидавлатии соли гузашта дар Қазоқистон ширкат карда ва дастикам ду бор боздошт шуда буд.