Феврал 26, 2020 20:54 Asia/Dushanbe
  • Мушоҳида нашудани мавориди мубтало ба вируси “корона” то кунун дар Туркманистон

Вазорати беҳдошти Туркманистон аз мушоҳида нашудани мавориди ибтило ба вируси “корона” дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, давлати Туркманистон тавсияҳои Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси “корона” -ро иҷро мекунад.

Ҳамчунин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон бо раиси комиссияи тахассусӣ ва вазири беҳдошт ва дармони ин кишвар дидор ва масоили амниятӣ ва беҳдоштиро баррасӣ кард.

Бар асоси иттилооти мутахассисони туркманистонӣ, дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ибтило ба вируси “корона” то кунун сабт нашудааст.

Илова бар ин, хориҷиҳое ҳам, ки вориди Туркманистон шудаанд, дар қарантина ва назорати вижа ҳастанд.

Ҳамчунин маҳдудиятҳои мухталифе барои сафари шаҳрвандони Туркманистон ба хориҷ аз кишвар эҷод шудааст.

Тимҳои пизишкони фаъол дар заминаи мубориза бо вирус тамоми таҷҳизот ва доруҳои мавриди ниёзро доранд.